«МАВЛАВИХОНӢ» ДАР КИТОБХОНА

Сентябрь 29, 2010 17:23

Душанбе, 29 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Имрӯз дар китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ  ба ифтихори 20-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Ҷалолиддини Балхӣ конфронси илмӣ  таҳти унвони  «Аҳамияти мероси Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар тарбияи худшиносии миллӣ» баргузор гардид. Сухани ифтитоҳиро раиси Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тошев Ш.К. оғоз намуда, иброз дошт, ки; «Ҳадафи асосии ин конфронс ҳарчи бештару беҳтар мавриди   омӯзиш ва тарғиб  қарор додани мероси гаронбаҳои ин олими бузург аст. Боиси хурсандист, ки бо ташаббуси кормандони китобхонаи миллӣ бахшида ба бузургдошти  Ҷ.Балхӣ як феҳристи фундаменталӣ-библиографӣ таҳти унвони «Феҳристи осори Ҷ. Балхӣ» таҳия гардид, ки иборат аз 112 саҳифа мебошад ва дар он нусхаҳои хаттӣ ва номгӯи дигар осоре, ки ба ин олими бузург тааллуқ дорад, ҷамъоварӣ шуданд. Илова бар ин матни электронии ин феҳристи осор дар сомонаи китобхона ворид карда шуд, ки хоҳишмандон метавонанд истифода баранд. Ҳамчунин, дар фонди китобхонаи миллӣ зиёда аз 33 нусхаи хаттии осори Ҷалолиддини Румӣ ва 32 нусхаҳои  чопи сангӣ маҳфуз аст, ки аз қимматтарин нусхаҳо ба ҳисоб мераванд ва мавриди омӯзиши мутахассисон ва мухаққиқон қарор доранд. Сипас, дар конфронс мавзӯъҳои баррасии масоили панду ахлоқ ва тарбия дар эҷодиёти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, ақидаҳои гуманистии ӯ ва нусхаҳои хаттии осори Мавлавӣ дар захираи Китобхонаи миллии ҷумҳурӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.  Дар охир муаррифии намоиши китобҳо таҳти унвони  «Мероси Ҷалолиддини Балхӣ ва ҷаҳони муосир» ва «Мавлавихонӣ», қироати рубоиёт аз ашъори Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ аз ҷониби кормандони  китобхона   доир гардид.  

Сентябрь 29, 2010 17:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад