МАЪЮБОН ҲАМ МОШИНСАВОРӢ МЕКУНАНД
Душанбе, 29 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, яке аз вазифаҳои хадамот бо воситаҳои техникӣ таъмин намудани маъюбон аст. Ба иттилои ҳамин манбаъ, хадамоти мазкур баъди муроҷиати маъюбон ба онҳо маълумотномаи махсус медиҳад, ки онҳо дар асоси он ба гирифтани мошинҳои бо даст идорашаванда, аробачаҳои бепули худрав ва дастӣ ҳаракаткунанда, асобағал таъмин карда мешаванд. Соли гузашта се маъюб бо мошинҳои бо даст идорашаванда, 500 нафар бо аробача ва 100 нафар бо асобағал таъмин карда шуданд. Соли ҷорӣ ин талабот бештар шудааст ва танҳо шумораи маъюбони ба аробача ниёздошта ба 560 нафар мерасад.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






