МУҲАҚҚИҚИ СУХАНШИНОС ВА УСТОДИ СОҲИБМАКТАБ
Ин ки гоҳе мезадам бар обу оташ хешро, Равшанӣ дар кори мардум буд мақсудам чу шамъ Барҳақ, ин байт Ҳазрати Соибро ба Устоди мо инсони некхоҳу некманзар, омӯзгори асилу наҷиб, донишманди оқилу солеҳ, роҳбари покниҳоду дастҳалол, дӯсти дардошнову розшунав Асадулло Саъдуллоев нисбат медиҳем. Зиндагиву рӯзгор ва фаъолияти илмиву эҷодии Устоди мо далели равшани ин гуфта мебошад. Таҳти роҳбарии Устодам корҳои курсиву рисолаи дипломӣ навиштам. Аз шогирдони Устод нахустин касе ҳастам, ки аз матбуот ба Донишгоҳ даъватам карданд, аввалин шогирдашон ҳастам, ки ҳимоя кардам. Калонгапӣ нест, агар гӯям, ки аз байни шогирдони сершумори Устод аз ҳама зиёд бо Устод шинухез доштам, аз ҳама беш меҳмони хонадони Устодам будам, яъне аз ҳама зиёдтар нону намаки Устодро чашидаам, китобхонаашонро борҳо ба қавле чаппаву роста кардаем, агар пиёда роҳгаштанҳои якҷояамонро ҳисоб мекардем, намедонам ба куҷо мерасидем. Ҳамраҳу ҳамдилу ҳамрози ҳам будему ҳастем. Худро фарзанди хонадони устод меҳисобам. Шояд ҳамин буд, ки сарвари факултети журналистика, дотсент М. Зайниддинов ба ман фармуданд, ки аз миёни шогирдонашон сухан гӯям. Сухан ҳамеша барои мардуми мо муқаддас буду ҳаст ва мемонад. Зеро сухан аз Худованд омадааст. Шояд маҳз ҳамин сухандониву суханшиносӣ буд, ки миллати тоҷик бо вуҷуди зарбаҳои зиёде дар паҳнои таърих нест нашуд. Адабиёт моро нагузошт, ки нобуд шавем. Байти Рӯдакиву достони Фирдавсӣ, шифои Синову фалсафаи Хайём, маснавии Мавлавию панди Саъдӣ, ғазали Ҳофизу асрори Бедил чун тумори рӯҳ миллати моро нигоҳдорӣ карданд. Аз ин рӯ, дар пиндори мо сухан ва суханвар азизу мукарраманд. Ҳар касе ба сухан сарукор мегирад, аз ин пиндор сари кор мегирад. Аз ҷумлаи чунин шахсоне, ки фаъолияти хешро пурра ба шинохти мақому манзалати сухан ва суханвар бахшидаанд, публисист, муаллим, муҳаққиқ, доктори илмҳои филологӣ, профессор Асадулло Саъдуллоев мебошанд. Устод Асадулло Саъдуллоев тамоми фаъолияти эҷодиву илмии хешро сарфи омӯзишиву пажуҳиши сухан, яъне журналистикаву публисистика кардаанд, ба қавле «мӯи худро дар ин осиёб сафед кардаанд». Устод журналистикаро чун донишҷӯ омӯхтаанд, чун қаламкаш бо ВАО беш аз 50 сол ҳамкорӣ доранд, журналистикаву публисистикаро таҳқиқ кардаву дар ин замина рисолаҳои номзадиву докторӣ навишта соҳибунвон гаштаанд, журналистикаро ба шогирдон дар ибтидо чун дотсенту имрӯз чун профессори журналистика таълим медиҳанд. Чандин фанҳои навро ба ҷараёни таълим ворид кардаву аввал худ ба хондани лексияҳо шурӯъ кардаанд. Аммо то ин мартабаву рӯзгори имрӯзаи фараҳбахш роҳи зиндагии Устоди мо яксон тахту ҳамвор набуд. Устоди мо яксола нашуда, падарашон барои дифои ватани он замон ягона – Иттиҳоди Шӯравӣ рафтанд. То ҳанӯз Устоди мо рӯи падарро хира-хира, аз нақлҳои модару апаҳо дар ёд доранд. Бо нони ҳалоли меҳнатии модар Устоди мо камол ёфта, ДДТ-ро хатм намуданд. Устоди мо чун шогирди ҳақшиносу намакшинос ҳамеша бо меҳру муҳаббат аз устодоне, ки дар дабистон ва Донишгоҳ сабақашон додаанд, ёд мекунанд. Дар телевизиони тоҷик фаъолияти меҳнатии хешро оғоз намуда, сипас солҳо дар матбуот дар вазифаҳои мудири шӯъба, котиби масъул, ҷонишини сармуҳаррир ва сармуҳаррир ифои вазифа кардаанд. Ва ба ҳар кассе ҳамкор буданд, бо некӣ ёд мекунанд. Солҳои зиёд кафедраҳои телевизион ва радиошунавонӣ, журналистикаи байналхалқӣ ва факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро сарварӣ намуданд. Ва имрӯз низ ба шогирдон дарс мегӯянд, ба муҳаққиқон ҷавон роҳбариву роҳнамоӣ мекунанд. Ҳанӯз устод Мирзо Турсунзода дар қайди ҳаёт буданд, ки муҳаққиқ Асадулло Саъдуллоев таҳти роҳбарии узви вобастаи АУ ҶТ Соҳиб Шӯҳратиевич Табаров ба таҳқиқи публисистикаи ин шахсияти номи ҷаҳонӣ дошта оғоз карданд. Он замон кам касон бовар доштанд, ки муҳаққиқ Асадулло Саъдуллоев дар ин самт комёб мешуда бошад. Устоди мо на танҳо дар ин самт тавфиқ ёфтанд, балки равияи оғозкардаи хешро ба мактаби қавии таҳқиқи публисистика ва насри мустанад табдил доданд. Ин ақидаро донишмандони зиёде, аз ҷумла профессорон Х. Асозода ва А. Нуралиев таъкид месозанд. Профессор Иброҳим Усмонов бар он андешаанд, ки Асадулло Саъдуллоев тавонистанд «… ба ҳайси муҳаққиқи публиситикаи Мирзо Турсунзода ӯро омӯзанд, фаҳманд, пайравӣ кунанд, ба дигарҳо фаҳмонанд. Он кас перомуни шахсе, эҷодиёти касе рисолаи илмӣ менавистанд, ки номи ҷаҳонӣ дошт, дирафшу шарафи тоҷикон буду ҳаст, ифтихори миллии мост. Перомуни шахсе, ки худашон дидаанд, дар сӯҳбаташон нишастаанд ва дар таҳрири иддае аз навиштаҳои публисистиашон иштирок намудаанд, он замонҳо «мақолаи ташкилӣ» гуфтанӣ гапе буд. Мавзӯи таҳқиқи ин олими некгӯй ана ҳамин гуна шахсияте буд…» Гумон мекунам ин баҳои ҳамкасб бозгӯи арзиши таҳқиқоти Устоди мост. Ҳазрати Мавлавӣ фармуда: Шамъ ин масъаларо бар ҳама касс равшан кард, Ки тавон то ба саҳар гиряи бешеван кард. Охири солҳои 80 ва аввали солҳои 90-уми асри гузашта вақте ҷомеаи Тоҷикистон сиёсатзада шуд, Устоди мо хомӯшона, бевалвала кори илмии хешро идома дода, соли 1996 ба ҳимояи рисолаи докторӣ шарафёб гаштанд. Соли 1998 Вазорати маориф ва илми ФР Устоди моро бо унвони профессор сазовор донист. Устоди мо аввалин профессори тоҷик дар риштаи журналистикаи радиву телевизион гаштанд. Муаллим Асадулло Саъдуллоев дар бахши таҳқиқи публисистика ва насри мустанад мактаби илмии хешро ба вуҷуд оварда, чандин касонро ба шоҳроҳи таҳқиқи публисистикаву журналистика роҳбариву раҳнамоӣ карданд, чанди дигар аз ин мактаб мегузаранд. Доктори илм Ҷ. Муқим, номзадҳои илм С. Ҳайдаров, М. Шоев, А. Қутбиддинов, Х. Олимова, С. Мирзоалӣ, М. Орифова, Ҷ. Яъқубов, И. Ҳамидов дастпарвари мактаби илмии устоди мо мебошанду муҳаққиқон Ҷ. Раҳмонова ва З. Эшматов дар арафаи ҳимояи рисолаи номзадиву чанд нафари дигар пайи таҳқиқу омӯзиш дар ин мактабанд. Дотсент Д. Бобоев бо машварати Устоди мо дар бахши кинопублисистика таҳқиқоти докторӣ мебарад. Устоди мо ба даҳҳо нафари дигар маслиҳатҳо додаанд. Аз ҷумла, донишмандон М. Муродов, П. Гулмуродзода, М. Зайниддинов, А. Азимов, С. Қаландаров, З. Мӯъминҷонов ва дигарон ёриву маслиҳати Устодро зикр мекунанд. Ба рисолаҳои чандин нафари дигар тақризҳо навиштаанд. Вале аз камоли хоксорӣ ҳеҷ гоҳ устод Асадулло Саъдуллоев даъвое ба мукофотеву подоше накардаанд. Ҳама мебинему медонем, касоне ҳастанд бо андак хизматеву коре ба чӣ унвонҳое соҳиб шудаанду кадом мукофотҳоеро гирифтаанд. Аммо чун аз ин мавзӯъ бо устод сухан гуфтанӣ шавед, аз муҳокима сар мепечанд. Зеро медонанд, ки обрӯву манзалат ва қадри публисист бо навишта, муаллим бо шогирд, олиму муҳаққиқ бо осори илмиву таҳқиқотиаш вобаста аст. Танҳо зикри чанде аз осори илмиву таълимиашон кофист, ба хулосае оем, ки профессор Асадулло Саъдуллоев аз ҷумлаи муҳаққиқони серкору сермаҳсул ва адолатпешаву заррабин ҳастанд: «Публисистикаи Турсунзода», «Агар сухан коргар шавад…», «Озодии сухан ва матбуот», «Хосияти адабиёт», «Рангҳои зиндагӣ», «Горизонты публицистики», «Жанрҳои таҳлилии матбуот», «Жанрҳои журналистикаи радио», «Асосҳои журналистикаи телевизион», «Асосҳои фаъолияти эҷодии журналист», «Саҳифабандӣ ва чопи газета», «Техника и технология СМИ» ва ғайра. Ба қалами устод Асадулло Саъдуллоев беш 40 асари илмиву таълимӣ, методиву бадеӣ таллуқ дорад. Дар маҷмӯъ Устоди мо муаллифи беш аз 1000 маводи публисистӣ мебошанд. Ҳангоми фаъолият дар матбуот Устоди мо Асадулло Саъдуллоев роҷеъ ба рӯзгор ва осори адибони машҳур Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Расул Ғамзатов, Николай Тихонов, Константин Симонов, Ғафур Ғулом, Мирзо Иброҳимов, Аркадий Гайдар, Мӯъмин Қаноат ва дигарон таҳқиқот анҷом додаву шахсият ва моҳияти осорашонро барои хонандаи тоҷик аз саҳифаҳои рӯзномаву маҷаллаҳо бозгӯӣ кардаанд. Ҳамчунин ногуфта намонад, ки дар доираҳои адабӣ Устоди мо чун як тан муҳаққиқони серкору сермаҳсул шинохта ва соли 1992 ба узвияти ИНТ пазируфта шудаанд. Дар фаъолияти адабиётшиносиии худ устод даҳҳо асарҳои бадеиву публисистиро ба риштаи таҳқиқ кашида, тақризҳо навиштаанд, ки дар байнашон ба асарҳои Фазлиддин Муҳаммадиев, Раҷаб Амонов, Абдумалик Баҳорӣ, Қутби Киром, Мутеулло Наҷмиддинов, Баҳром Фирӯз, Шодон Ҳаниф, Меҳмон Бахтӣ, Урӯн Кӯҳзод, Кароматулло Мирзоев, Абдулҳамид Самадов, Саттор Турсун, Гулрухсор, Раҷаби Мардон, Ҷонибеки Қувноқ, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, Ҷамолиддин Каримзода, Муҳаммадзамони Солеҳ, Юсуфҷон Аҳмадзода, Ҷонибеки Акобир, Мӯҳтарам Ҳотам, Абдуғаффори Партав, Карим Мӯсову дигарон дучор меоем. Дар бораи профессор Асадулло Саъдуллоев бисёр гуфтанду навиштаанд. Аҳли илму адаб Муҳаммадҷон Шакурӣ, Кароматулло Мирзоев, Абдулҳамид Самадов, Атахон Сайфуллоев, Мукаррама Қосимова, Баҳриддин Камолиддинов, Иброҳим Усмонов, Раҳими Мусулмониёну Абдусаттор Нуралиев ва дигарон дар бораи шахсият, фаъолияти илмиву эҷодӣ, омӯзгории устодамон доварӣ кардаанд. Тадқиқоти солҳои охири устод ба фаъолияти ВАО ва умуман журналистикаву публисистикаи тоҷик бахшида шудаанд. Дар онҳо аз диди як тан муҳақиқи нозукбину адолатпеша ба фаъолияти ВАО рӯшанӣ меандозанд. Муаллим Асадулло Саъдуллоев ба паҳлӯҳои гуногуни журналистикаву публисистика: сиёсату маърифат, назарияву амалия, сунатҳову навгониҳо, бурду бохтҳо дахл мекунанд.. Ва чун донишманди ҳақбин комёбиву пешравиро қайд мекунанду нуқсонро ҳам мебинанд, решаву омилҳоро бо диди замонӣ нишон медиҳанд. Профессор Асадулло Саъдуллоев байни ВАО-и ҳукумати ва ғайриҳукуматӣ тафриқа намегузоранд. Мо дар ин таҳқиқот ба андешаҳои устод дар бораи ҳам ВАО-и ҳукуматӣ ва ҳам ВАО-и ғайриҳукуматӣ ошно мешавем, чун дар маҷмӯъ бурду бохти ВАО-и гуногун ин бурду бохти журналистикаи тоҷик аст. Баъди ошноӣ бо рӯзгор, фаъолияти омӯзгориву илмӣ ва адабии эшон кас ба хулосае меояд, ки тамоми навиштаву гуфтаҳои профессор Асадулло Саъдуллоев гирди як меҳрвар – Сухан ва мақоми он мечарханд. Тавре худи устод Асадулло Саъдуллоев дар китобашон «Наҷвои наҷотофарин» менигоранд, «…ҳаргуна сухан ба сатҳи маърифат, масъулияти шаҳрвандӣ, ба виҷдони шахс вобастааст. …вақте журналист, эҷодкор пироҳани сухан меорояд, бояд онро тарзе тарроҳӣ кунад, ки аз он ҷомеа зарари маънавӣ набинад. Сухан бояд навозишгар, тарбиятгар, сабақомӯз ва роҳнамо бошад. Сухане, ки касро ба ин хислатҳо раҳнамун месозад, сухани ҳақ ва озод хоҳад буд.» Ва барҳақ сухане, ки аз қалами устоди мо рӯи саҳфа омадааст, суханест навозишгар, тарбиятгар, сабақомӯз ва роҳнамо. Дар ин рӯзҳои заррин устоди мо профессор Асадулло Саъдуллоев ба синни мубораки 70-солагӣ қадам мениҳанд. Ба устод ин ҷашнро аз номи шогирдон табрику таҳният гуфта, барояшон давлату осоиши рӯзгор таманно дорем. Сангини Гулзод, шогирди профессор Асадулло Саъдуллоев