МУҲОКИМАИ МАСЪАЛАҲОИ НАШР ВА ФУРӮШИ КИТОБҲО
Душанбе, 15 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).-16-уми сентябри соли ҷорӣ Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлисгоҳи вазорат семинари машваратӣ дар мавзӯи «Нашр ва фурӯши китоб»-ро доир мекунад. Дар кори семинар роҳбарону намояндагони Вазорати фарҳанг, Кумита оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии миллии рақамгузории стандарти байналмилалии «Хонаи китоби Тоҷикистон», нашриёти «Ирфон», «Адиб», «Маориф ва фарҳанг» ва мақомоти савдои китоб ширкат меварзанд Дар семинар Вазири фарҳанг Мирзошоҳрух Асрорӣ иштирок намуда, доир ба натиҷаҳои санҷиши якҷояи Кумита оид ба корҳои дини назди Ҳукумати ҶТ бо кормандони прокуратураи ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва тадбирҳои пешгирии паҳн шудани маҳсулоти чопии ғайриқонунӣ маълумот хоҳад дод. Ҳамчунин, дар мавзӯъҳои «Вазъи риояи муқаррароти Қонуни ҶТ «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» дар кишвар», «Аҳамияти ISBN. Роҳҳои ташкил ва тарзу усули истифодаи он», «Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф-омилҳо ва проблемаҳои он», «Дар бораи фурӯши китоб ва бартарафсозии проблемаҳои он» иштирокчиёни семинар гузориш медиҳанд.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






