МУҲОКИМАИ НИЗОМИ БАЙНАЛМИЛЛАЛИИ МОЛИЯВӢ
Душанбе, 24 сентябр. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). – Ҳамрохон Зарифӣ-Вазири корҳои хориҷии ҶТ дар мулоқоти чоргона, ки 22 сентябри соли 2010 дар шаҳри Ню Йорк дар ҷараёни иҷлосияи 65-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо иштироки вазирони корҳои хориҷии Афғонистон, Покистон, Русия ва Тоҷикистон доир гардид, иштирок ва суханронӣ намуд. Ҷонибҳо доир ба таҳким ва рушди ҳамкорӣ дар Осиё табодули назар карданд. Вазирон масъалаҳои таҳкими низоми байналмилалии молиявӣ, тавсеаи ҳамкорӣ байни созмонҳои молиявӣ, ҷоннок намудани хариду фурӯш ва истифодаи манбаъҳои таҷдидшавандаи барқ, инчунин мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро муҳокима намуданд. Дар ин бора аз Департаменти иттилоотии Вазорати корҳои хориҷии ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






