МУАРРИФИИ ИМКОНИЯТҲОИ ЭНЕРГЕТИКИИ КИШВАРИ БАРОДАР
Душанбе, 21 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Рӯзи дуюм аст, ки дар «Кохи ваҳдат»-и пойтахт нахустин намоишгоҳи тахассусӣ дар соҳаи энергетика идома дорад. Намоишгоҳ дар доираи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардида, ҳадафи он тавсеаи робитаҳо дар соҳаи энергетика, муаррифии имкониятҳои Эрон дар бахши истеҳсол ва интиқоли нерӯи барқ ва технологияҳои муосири соҳа ва баҳрабардорӣ аз онҳо мебошад. Тибқи иттилои масъули бахши иқтисоди сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Аббос Баёнӣ дар намоишгоҳ 15 ширкати эронӣ иштирок карда, дастгоҳҳои дар соҳаи энергетика истеҳсолнамудаи худро ба намоиш гузоштаанд. Дар доираи баргузории намоишгоҳ ба имзо расонидани тавофуқномаҳо миёни ширкатҳои энергетикии Эрон ва Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар дошта шудааст. Аббос Баёнӣ афзуд, ки новобаста ба таъсири бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Эрон беш аз пеш густариш меёбанд. Тавсеаи ҳамкориҳо дар бахши энергетика шаҳодати ин гуфтаҳост. Сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-2» воқеъ дар ҷануби Тоҷикистон аз сӯи ширкати хусусии «Сангоб» ва кӯмаки давлати Эрон бозгӯи тақвияти ҳамкориҳои ҳар ду кишвар дар соҳаи энергетика мебошад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад






