МУАРРИФИИ НИШОНАИ ЯГОНАИ ТУРИСТИИ ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 20 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).-27 сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе нахустин Конфронси миллии саноати туристии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. Дар ин конфронс мавзӯъҳои нақшаҳои ояндаи Иттиҳоди Аврупо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи туризм, тадбирҳои андешидаи мақоми давлатии соҳаи туризм ҷиҳати инкишофи устувори соҳа, саҳми шарикони байналмилалии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди соҳаи туризм, аҳамияти ёдгориҳои таърихӣ дар рушди туризми кишвар, саҳми Вазорати корҳои хориҷӣ дар пешбурди соҳаи туризми мамлакат, таъмини бехатарии сайёҳон ҳамчун омили пешбарандаи соҳа баррасӣ мегарданд. Инчунин, дар конфронси мазкур нақши ширкатҳои туристӣ дар инкишофи соҳаи туризм, саҳми ширкатҳои ҳавопаймоӣ дар зиёд гаштани ташрифи туристони хориҷӣ ба кишвар ва бахши маориф дар таъмини кадрҳои баландихтисоси соҳаи туризм ба бозори хизматрасонии туристӣ ва амсоли инҳо матраҳ хоҳанд шуд. Мавриди зикр аст, ки дар конфронси мазкур муаррифии нахустин филми тарғиботии туристӣ ва нишонаю шиори ягонаи туристии Тоҷикистон муаррифӣ хоҳад шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






