МУБОРИЗА БО ҚОЧОҚИ МАВОДИ ҲАСТАӢ
Душанбе, 24 сентябр. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Даври аввали гуфтушунидҳои Тоҷикистону Штатҳои Муттаҳидаи Америка оид ба баррасии лоиҳаи Нақшаи кории муштарак вобаста ба мубориза бо қочоқи ғайриқонунии маводи ҳастаӣ 22 сентябри соли 2010 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Аз департаменти иттилоотии Вазорати корҳои хориҷии ҶТ ба хабарнигори Амит «Ховар» хабар доданд, ки дар мулоқот намояндагони вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати Амрико иштирок намуданд. Тибқи иттилои манбаъ дар рафти гуфтушунидҳо, ҷонибҳо оид ба давом додани кор дар самти коркарди ниҳоии лоиҳаи Созишнома, бо мақсади имзои он ба мувофиқа расиданд.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






