МУБОРИЗА БО БЕТАҲАММУЛӢ НИСБАТ БА ИСЛОМ

Сентябрь 27, 2010 16:52

Душанбе, 27 сентябр. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Дар мулоқоти солонаи ҳамоҳангсози Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони конфронси исломӣ таҳти раисии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ, ки 24 сентябри соли 2010 дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид баргузор гардид, ба масъалаҳои раванди сулҳҷӯёна дар Ховари Миёна, СКИ ва ҳадафҳои рушди ҳазорсола, роҳҳои таҳкими ҳамбастагӣ миёни кишварҳои аъзои СКИ дар чаҳорчӯби СММ ва дигар масоил таваҷҷӯҳи хоса зоҳир гардид.   Дар мулоқот Дабири кулли СКИ, профессор Акмалиддин Эҳсоноғлу, муовини дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Муҳаммад Шаъбон аз номи Дабири кулли он  иштирок ва баромад намуданд. Талошҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чаҳорчӯби татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, 2005-2015 ва ташаббуси кишвари мо оид ба эълон намудани соли 2012 ҳамчун “Соли байналмилалии дипломатияи об” дар мулоқоти вазирони СКИ мусбат арзёбӣ гардид. Дар натиҷаи мулоқоти ҳамоҳангсози вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои СКИ Баёнияи хотимавӣ ва Изҳорот оид ба мубориза бо бетаҳаммулӣ нисбат ба Ислом қабул гардид. Вазирони корҳои хориҷӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо баргузории бомуваффақияти мулоқоти солонаи ҳамоҳангсози вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои СКИ дар Ню-Йорк табрик намуданд.    

Сентябрь 27, 2010 16:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад