МУЛОҚОТ БА ТАЪХИР АФТОД
Маскав, 30 сентябр (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова).- Ҷониби Тоҷикистон бинобар вазъияти ба амаломада дар ҷумҳурӣ пешниҳод намуд, ки ҷаласаи якҷояи Хадамоти федеролӣ оид ба назорати маводи мухаддири Русия ва Агентии назорати маводи мухаддири назди Президенти ҶТ таҳти раисии роҳбарони мақомоти зидди маводи мухаддири ҳар ду кишвар Виктор Иванов ва Рустам Назаров ба таъхир гузошта шавад. Дар ин бора ба хабарнигори махсуси АМИТ «Ховар» аз раёсати робитаҳои ҷамъиятии Хадамоти федеролӣ оид ба назорати маводи мухаддири Русия хабар доданд. Ёдовар мешавем, ки баргузории мулоқоти мазкур дар таърихи 28 сентябри соли 2010, дар шаҳри Екатеринбург ба нақша гирифта шуда буд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






