МУЛОҚОТ БО ШОИР

Сентябрь 4, 2010 12:31

      Душанбе,4 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).-Имрӯз дар китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар дар мавзӯи «Офарандагони китоб» ва муаррифии китобҳои шоири маърӯф Назар Табарзодаи Деҳбаландӣ ҷамъомад баргузор гардид.      Дар мулоқот директори китобхона Қурбон Афғонов дар бораи ҳаёт ва эҷодиёти Назар Табарзодаи Деҳбаландӣ сухан ронд.     Адибон ва хонандагони фаъоли китобхона андешаҳояшонро дар бораи асарҳои шоир, аз ҷумла, китобҳои «Бобои ман деҳқон аст» ва «Тайёраи нав омад» баён намуданд.     Мақсади вохӯрӣ муаррифии китобҳои нависандагону шоирон, шиносоии онҳо бо аҳли адаб, намоиши дастовардҳои соҳаи табъу нашр, фаъолияти китобдорӣ ва аз наздик ошно намудани хонандагон бо олимону адибон, ҷалби кӯдакону наврасон ба китобхонӣ ва ба ин васила ошно сохтани онҳо бо китобҳои нав ва ташвиқу тарғиби асарҳои замонавӣ мебошад      Маҷмӯаҳои ашъори Назар Табарзодаи Деҳбаландӣ барои бачаҳо таҳти номҳои «Автобуси лаҷомдор», «Сайри кӯҳсор», «Ҷӯяҳои сабз», «Харбузаи барги най», «Мактабам» ва ғайраҳо ба табъ расидаанд.       Шоир инчунин, барои калонсолон низ шеърҳои зиёд эҷод намудааст. Онҳо дар китобҳои «Дуои сабз» ва «Рӯҳафзо» гирд оварда шудаанд.    

Сентябрь 4, 2010 12:31

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад