МУЛОҚОТИ ҚАРИБУЛВУҚӮИ СААД ДАР ОСТОНА
Душанбе, 27 сентябр. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — 23 сентябри соли 2010 дар доираи баргузории иҷлосияи 65-уми Маҷмаи Умумии СММ мулоқоти ғайрирасмии анъанавии вазирони корҳои хориҷии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) баргузор гардид, ки дар кори он Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ иштирок намуд, мавқеъҳоро оид ба рӯзномаи иҷлосияи навбатӣ мувофиқа намуда, оид ба ҳамоиши САҲА, ки дар оғози моҳи декабр дар Остона баргузор мегардад, мубодилаи афкор намуд. Дар вохӯрӣ Дабири кули СААД Николай Бордюжа низ иштирок дошт. Вазирон, ҳамчунин, ҷараёни омодагӣ ба иҷлосияи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмонро, ки дар охири соли 2010 ба нақша гирифта шудааст, муҳокима намуданд.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






