МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО АКМАЛИДДИН ЭҲСОНОҒЛУ
22 сентябри соли 2010 дар мулоқот бо Дабири кулли Созмони конфронси исломӣ (СКИ) Акмалиддин Эҳсоноғлу масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон бо ин созмон баррасӣ шуд. «Тоҷикистон ҳамкориро бо Созмони конфронси исломӣ яке аз равандҳои авлавиятноки сиёсати хориҷии худ арзёбӣ намуда, ҷонибдори тавсеи робитаҳо бо ҳама кишварҳои аъзои ин созмони бонуфуз мебошад», — изҳор дошт дар оғози сўҳбат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон. Дар шаҳри Душанбе баргузор гаштани Ҷаласаи 37-уми Шўрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои СКИ, ки рўзҳои 18-20 майи соли 2010 ҷараён гирифта буд, пеш аз ҳама, “шаҳодати таваҷҷўҳи афзояндаи ин Созмон ба Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ ва таъкидгари нақши фарҳангии Тоҷикистон ва минтақа дар таърихи дини мубини ислом” маънидод гардид. Таъкид карда шуд, ки “Созмони Конфронси Исломӣ метавонад чун василаи таҳкими ҳамкории бисёрҷониба дар миёни кишварҳои мусулмонӣ, бахусус дар таъмини сулҳу субот ва рушди устувор, нақши хеле муҳим ва муассир дошта бошад”. Таъсиси Фонди ҳамбастагии исломӣ бо сармояи 10 миллиард доллари амрикоӣ ва Идораи махсус оид ба кўмакҳои башардўстона дар ҳолатҳои фавқулодда аз намунаҳои мушаххаси иқдомҳои амалӣ арзёбӣ карда шуд. Биноан сармоягузории Бонки Исломии Рушд дар самтҳои афзалиятнок ва стратегӣ – энергетика, зербинои истеҳсолӣ, техникию технологӣ ва таъминотӣ, иттилоот ва коммуникатсия, саноат, обрасонӣ ва туризм чун омили пешрафт ва тақвияти нерўи умумии кишварҳои мусулмонӣ зарур шумурда шуд.








Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






