МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО БОРИС ТАДИЧ
22 сентябри соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк ҳамчунин бо Президенти Сербия Борис Тадич мулоқот намуд. Дар вохўрии Эмомалӣ Раҳмон бо Борис Тадич масоили ташкил ва густариши ҳамкории самарабахши Тоҷикистону Сербия баррасӣ шуд. Таъкид гардид, ки имкону захираҳо барои ҳамкории мутақобилан судбахши Тоҷикистону Сербия фаровонанд ва барои мавриди баҳрабардорӣ қарор додани онҳо эҷоди заминаи мутаносиби ҳуқуқию қарордодӣ зарур шумурда шуд. Ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, дар бунёди корхонаҳои муштараки истеҳсоли масолеҳи сохтмон, коркарди алюминий, маъданҳои кўҳӣ, меваю сабзавот, пахта, пашму пўст ва дигар маҳсулот дорои манфиати мутақобила арзёбӣ гардид. Дар мулоқот ҳамчунин оид ба масоили сиёсати ҷаҳонию минтақавӣ гуфтугў сурат гирифт. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Президенти Сербия Борис Тадичро даъват намуд, ки ба Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф биёрад. Даъват бо хушнудӣ пазируфта шуд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






