МУЛОҚОТИ Э.РАҲМОН БО МУОВИНИ КОТИБИ ДАВЛАТИИ ИМА РОБЕРТ БЛЕЙК
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Роберт Блейкро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили вобаста ба ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Амрико баррасӣ шуд. Ҷонибҳо аз сатҳи кунунии муносиботи ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда, ҳамзамон бо назардошти имкону захираҳои васеъи истифоданашуда густариши ҳамкории барои ҳарду ҷониб судбахшро матлуб арзёбӣ намуданд. Қаноатмандӣ бештар аз ҳамкорӣ баҳри таҳкими ҳифзи сарҳади миёни Тоҷикистону Афғонистон ва дастгирии нерўҳои марзбону дигар сохторҳои дахлдори Тоҷикистон зоҳир карда шуд. Роҳҳои барқарорсозии сулҳу осоиш ва амнияту субот дар Афғонистон аз мавзўъҳои асосии сўҳбат буд. Дар ин замина ҳарду ҷониб омодагии худро баҳри густариши ҳамкории минтақавӣ, аз ҷумла дар бахшҳои иқтисод ва савдо, энергетика ва нақлиёту коммуникатсия чун омили муҳими мусоидат ба эътидолу низом дар Афғонистон таъкид намуданд.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






