МУЛОҚОТИ Э.РАҲМОН БО Р. БЛЕЙК

Сентябрь 1, 2010 13:58

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Роберт Блейкро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили вобаста ба ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Амрико баррасӣ шуд. Ҷонибҳо аз сатҳи кунунии муносиботи ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда, ҳамзамон бо назардошти имкону захираҳои васеъи истифоданашуда густариши  ҳамкории барои ҳарду ҷониб судбахшро матлуб арзёбӣ намуданд. Қаноатмандӣ бештар аз ҳамкорӣ баҳри таҳкими ҳифзи сарҳади миёни Тоҷикистону Афғонистон ва дастгирии нерўҳои марзбону дигар сохторҳои дахлдори Тоҷикистон зоҳир карда шуд. Роҳҳои барқарорсозии сулҳу осоиш ва амнияту субот дар Афғонистон аз мавзўъҳои асосии сўҳбат буд. Дар ин замина ҳарду ҷониб омодагии худро баҳри густариши ҳамкории минтақавӣ, аз ҷумла дар бахшҳои иқтисод ва савдо, энергетика ва нақлиёту коммуникатсия чун омили муҳими мусоидат ба эътидолу низом дар Афғонистон таъкид намуданд. 

Сентябрь 1, 2010 13:58

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад