МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО САРВАЗИРИ ТАИЛАНД А. ВЕҶАҶИВА
23 сентябри соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Таиланд Абҳисит Веҷаҷива мулоқот намуд. Дар вохўрӣ масоили ҳамкории Тоҷикистону Таиланд ва татбиқи амалии санадҳои дуҷониба, ки дар шаҳрҳои Бангкок ва Душанбе соли 2005 дар сатҳи олӣ ба имзо расида буданд, баррасӣ шуд. Барои таҳким ва густариши бештари ҳамкории ду кишвар таъсиси комиссияи муштараки байниҳукуматӣ ва таҳияи санадҳои нави ҳуқуқӣ-қарордодӣ зарур шумурда шуд. Густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои зербинои иқтисодӣ, кишоварзӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва рушди туризм дорои манфиат барои ҳарду ҷониб маънидод гардид. Сарвазири Таиланд Абҳисит Веҷаҷива ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои пуштибонӣ аз пешниҳодҳо ва манофеи ин кишвар дар Созмони Конфронси Исломӣ арзи сипос намуд.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






