МУЛОҚОТИ Э. РАХМОН БО ПРЕЗИДЕНТИ ХОРВАТИЯ ИВО ЙОСИПОВИЧ
20 сентябри соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар ҳошияи Иҷлосияи 65 – уми Маҷмаъи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо Президенти Хорватия Иво Йосипович мулоқот намуд. «Мо барои таҳкиму тақвияти равобити дўстонаву ҳамкории мутақобилан судманд бо Хорватия манфиатдорем», — изҳор дошт дар оѓози сўҳбат Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. Президенти Хорватия Иво Йосипович низ ба густариши ҳамкории судбахш ва таҳкими муносибатҳои дўстонаи ду кишвар изҳори ҳавасмандӣ кард. Ҳарду ҷониб таъкид доштанд, ки ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Хорватия дорои нерўи бузурги истифоданашуда мебошанд. Ҳавасмандии зиёд ба тавсиаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои бунёдии иқтисодӣ, аз ҷумла энергетика, саноати сабук ва робитаҳо миёни соҳибкорони ду кишвар зоҳир карда шуд. Таъкид гардид, ки бо назардошти афзоиши пайвастаи талабот ба нерўи барқ дар минтақаҳои Осиёи Марказӣ ва ҷанубӣ, иштирок дар сохтмони нерўгоҳҳои барқӣ ва ташкили додани шароити содироти он басо судовар аст. Барои такмили заминаи ҳуқуқӣ-қарордодии ҳамкории дуҷониба ба имзо расондани як зумра санадҳои нав, ки аллакай таҳия ва пешниҳод гаштаанд, зарур шумурда шуд. Ҳарду ҷониб ҳамчунин ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаи илму маориф ва дигар самтҳои фаъолият изҳори ҳавасмандӣ карданд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






