МУЛОҚОТИ М.АСРОРӢ БО АСИТХА КУМАР БХАТТАЧАРАҶИ

Сентябрь 3, 2010 15:46

Душанбе, 3 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).-2 сентябри соли равон Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ Сафири Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Тоҷикистон Аситха Кумар Бхаттачараҷиро ба ҳузур пазируфт. Дар ҷараёни мулоқот Вазири фарҳанг изҳори умед кард, ки ҳамкории Тоҷикистону Ҳиндустон минбаъд низ дар соҳаи фарҳанг рушд хоҳанд кард. Ҳамчунин, Мирзошоҳрух Асрорӣ ба меҳмон дар бораи фаъолияти Вазорати фарҳанг ва таърихи фарҳанги тоҷик маълумоти мухтасар дода, ёдовар шуд, ки ду сол қабл ба ин кишвари афсонавӣ сафари корӣ дошт. «Дар ин сафар таҳти роҳбарии Вазири фарҳанг ҳунармандони тоҷик санъати миллии худро ба мардуми Ҳиндустон муаррифӣ намуданд, ки мардуми ҳинд онро хеле ҳам хуб қабул карда буданд»,-қайд намуд Мирзошоҳрух Асрорӣ. Ҳамчунин, Вазири фарҳанг аз ҳамкории Ҳиндустону Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, илова кард, ки дар чанд соли охир ҳунармандони ҳинд борҳо ба Тоҷикистон сафар намуданд ва барномаҳои консертиашон бо муваффақият баргузор гардид. Сафири Ҳиндустон низ Вазири фарҳангро бовар кунонид, ки чун рамзи рушди ҳамкорӣ барои Китобхонаи миллии ба номи А. Фирдавсӣ китобҳои дар Ҳиндустон бо забонҳои ҳиндӣ, форсӣ ва англисӣ ба табърасидаро тўҳфа хоҳад кард.

Сентябрь 3, 2010 15:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад