МУЛОҚОТИ М.МАҲМАДАМИНОВ БО ФРАНК БЛИСС
Душанбе, 23 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- 22 сенябри соли равон Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Маҳмадаминов М бо машваратчии байналмилалии офиси GTZ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Франк Блисс вохӯрӣ намуд. Ҳадаф аз ин вохӯрӣ муҳокимаи масъалаҳои рушди бахши иқтисод ва ҳамкорӣ бо донорҳо мебошад. Ҷониби Олмон омодагии хешро баҳри дастгирӣ намудани ҳифзи иҷтимоиёт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози назар намуд. Ҳамчунин, худи ҳамин рӯз муовини вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарипова Л. Ш. бо машваратчӣ оид ба корҳои иҷтимоиёти ширкати «Ҳелс Пром» вохӯрӣ намуд. Мақсади асосии вохӯрӣ муҳокима намудани масъалаҳои тавонбахшии кӯдак ва фаъолияти марказҳои рӯзонаи барқароркунӣ барои кӯдакони маъюби маркази кӯдаконаи «Киштӣ» мебошад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз бахши робита бо ҷомеаи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






