МУЛОҚОТИ О.ОҚИЛОВ БО РАШОД КАЛДАНИ
Душанбе, 27 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- 25 сентябри соли равон Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов бо Ноиби Президенти корпоратсияи байналмиллалии молиявӣ Рашод Калдани мулоқот кард. Дар ҷараёни вохӯрӣ Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов таъкид кард, ки аз ҷониби Корпоратсияи байналмиллалии молиявӣ сармоягузорӣ шудани 55 миллион доллари америкоӣ ба иқтисодиёти Тоҷикиистон дар зарфи 16 соли охир шаҳодат аз он медиҳад, ки дар раванди муносибатҳои Тоҷикистон ва Корпоратсияи байналмиллалии молиявӣ имконоту захираҳои мавҷуда барои ба сатҳи зарурӣ расонидани ҳамгироиҳо ҳануз ҳам ба пуррагӣ истифода нашудаанд . Рашод Калдани изҳор дошт, ки аснои сафари худ ба Тоҷикистон бо имконият ва роҳу воситаҳои фазои сармоягузории Тоҷикистон боз ҳам беҳтар шинос гардида барои дар оянда таҳким бахшидани муносибатҳои дуҷониба талош хоҳад кард. Дар мулоқот рушду тавсеаи равобити ҷонибҳо дар бахши иқтисодиёт, гидроэненргетика ва туризм зарур ва манфиатовар арзёбӣ гардида оид ба самтҳои дигари муносибатҳои Тоҷикистон ва Корпоратсияи байналмиллалии молиявӣ табодули афкори судманд сурат гирифт.








Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад






