МУЛОҚОТИ ВАКИЛОНИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН ДАР СУҒД

Сентябрь 18, 2010 11:42

Душанбе, 18 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Дар ин рӯзҳо дар вилоёт ва навоҳии тобеи ҷумҳурӣ мулоқоту вохӯриҳои вакилони Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагонашон идома дорад. Дар доираи чунин мулоқот имрӯз вакилони Маҷлиси намояндагон – Насрулло Маҳмудов, Назира Турдиматова, Шодӣ Шабдолов, Исмоил Талбаков, Маҳмадшариф Нозимов, Саттор Холов дар ноҳияҳои Конибодом, Зафаробод ва Истаравшан бо интихобкунандагони худ мулоқот намуданд. Тавре котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба мухбири АМИТ «Ховар»  иттилоъ дод, зимни ин мулоқот вакилони Маҷлиси намояндагон нуктаҳои муҳимтарини сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати ҶТ,  мавқеи парлумон ва дигар аҳзоби сиёсиро дар таъмини се ҷиҳати асосии рушди иқтисодиёти Тоҷикистон – таъмини истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ ва баромадан аз бунбасти коммуникатсиониро муфассал шарҳ доданд. Зимни саволу ҷавоб интихобкунандагон дар мавриди масъалаҳои рӯзмарраи иҷтимоӣ, аз ҷумла омодагиҳо ба муносибати 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъминот бо оби нӯшокӣ, таъмини ҷавонон бо ҷойи кор ва дигар масъалаҳои рӯзмарра табодули назар намуданд.

Сентябрь 18, 2010 11:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад