МУРОҶИАТИ ШАҲРВАНДОН ДАР МАРКАЗИ ТАВАҶҶӯҲИ ВАКИЛОН
Душанбе, 16 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Тибқи дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо вакилони палатаи поёнии парлумони мамлакат дар вилоятҳои Хатлон, Суғд, Бадахшон ва навоҳии тобеи ҷумҳурӣ бо интихобкунандагони худ вохӯрию мулоқот мегузаронанд. Котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки дар ҷараёни мулоқоту вохӯриҳо бо интихобкунандагон вакилон доир ба Паёми Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тақвияти қонунгузорӣ дар кишвар, қонуну қарорҳои қабулгардида ва муроҷиати шаҳрвандон ба парлумон табодули назар мекунанд. Мулоқоти вакилон бо интихобкунандагон то 20 сентябри соли равон идома меёбад.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






