МУСИҚӢ ИФОДАГАРИ СУЛҲ
Душанбе, 21 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Имрӯз дар Осорхонаи ҷумҳуриявии фарҳанги мусиқӣ ва Фонди байналмилалии фарҳангии бо номи Зиёдулло Шаҳидӣ бо дастгирии СААД чорабинии фарҳангӣ таҳти унвони «Сулҳ ва мусиқӣ» гузаронида мешавад. Ин ҷашн барои осорхона ва фонд анъана шудааст ва фонди фарҳангӣ дар қатори 4000 ташкилоти дигар дар тамоми ҷаҳон якдилии худро дар мубориза барои сулҳ ва якдигарфаҳмӣ баён менамояд. Фонди байналмилалии фарҳангии ба номи З. Шаҳидӣ узви Шӯрои Ҷамъиятӣ, ки таҳти сарварии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон фаъолият менамояд, буда, соли 1996 бо мақсади сулҳофаринӣ ташкил шудааст. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» сарвари осорхонаи мазкур Мунира Шаҳидӣ иттилоъ дод, яке аз воситаҳои асосие, ки одамонро дар роҳи сулҳу ҳамбастагӣ муттаҳид месозад, ин мусиқӣ мебошад. Осорхонаи фарҳангӣ-мусиқии ба номи З. Шаҳидӣ барои пойдории сулҳ бо роҳи эҷоди сурудҳо дар бораи сулҳ, муҳаббат ва хушбахтӣ ҳамраъйии худро баён менамояд. Он ба одамон бахри равона намудани кӯшишҳояшон барои сулҳ кӯмак мерасонад. Чунин фонду ташкилот ба СММ барои ҳалли масъалаҳои глобалии ҳазорсола, ки ҳамин рӯзҳо дар ҳамоиши СММ, дар Ню Йорк гузашта истодааст, ҳамкорӣ менамояд.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






