МУСОҲИБАИ Э. РАҲМОН ДАР ШАҲРИ НЮ-ЙОРК

Сентябрь 22, 2010 11:17

22 сентябри соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк бо Раиси кулли ширкати шабакаҳои телевизионию иттилоотии «Миллер Асошиэйтс» Билл Миллер мусоҳибаи хоса орост. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба суолҳои сершумори Уилиям Миллер, аз ҷумла оид ба ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши Тоҷикистон дар ҳаллу фасли масоили глобалии вобаста ба дастрасӣ ба оби тоза, пешгирии обшавии пиряхҳо ва  офатҳои табиии вобаста ба об, нигоҳ доштани гармшавии иқлими сайёра, афзалият додан ба манбаъҳои барқароршавандаи нерўи барқ, пеш аз ҳама гидроэнергетика ва дар маҷмўъ татбиқи амалии Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола дар ҷаҳон ва минтақаи Осиёи Марказӣ посухҳои мукаммалу мушаххас дод. Мўҳтавои ин мусоҳиба дар расонаҳои хабарии Созмони Милали Муттаҳид ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, аз ҷумла агентиҳои иттилоотӣ ва радиову телевизионҳо инъикос мешавад.  

Сентябрь 22, 2010 11:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд