МУТТАҲИДИИ ХАЛҚИЯТҲОИ УММАТИ ИСЛОМ
Душанбе, 22 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).-Аз 27 то 29-уми сентябри соли равон дар маҷлисгоҳи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Точикистон бахшида ба эълон гардидани шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти фарҳанги исломӣ дар соли 2010 бо иштироки мутахассисони дохилӣ ва хориҷӣ семинари омӯзишии минтақавии «Масири Ҳаҷ дар Осиё ва роҳҳои пайванди тамаддунҳо» баргузор мегардад. Ҳадаф аз баргузории семинари мазкур аҳамияти ҳаҷ дар ҳаёти мусулмонон, арзиши таърихӣ ва рамзии роҳҳои адои он, ташаккули пулҳо ҷиҳати пайвастшавии мардумон ва халқиятҳои гуногуни уммати Ислом мебошад. Дар семинари омӯзишии «Масири Ҳаҷ дар Осиё ва роҳҳои пайванди тамаддунҳо» 28 нафар мутахассисон ва олимон ширкат варзида, ҷанбаҳои тамаддунӣ ва фарҳангӣ, таърихӣ ва ҷуғрофӣ, иқтисодии масири Ҳаҷ дар кишварҳои Мовароуннаҳр, аз нав эҳё кардан ва анҷом додани роҳҳои Ҳаҷро баррасӣ хоҳанд кард. Бояд гуфт Созмони исломии илм, фарҳанг ва маориф (ИСЕСКО) солҳои 2002-2003 дар Қоҳира семинари илмӣ ва ҷаласаи мутахассисон дар мавзӯи «Масири Ҳаҷ: пулҳо барои пайвасти тамаддунҳо байни халқҳо», соли 2009 семинари минтақавӣ «Оид ба эҳёи масири Ҳаҷ дар Осиё»-ро бахшида ба эълон гардидани шаҳри Куала-Лумпур ҳамчун пойтахти фарҳанги исломӣ баргузор намуд. Лозим ба ёдоварист, ки моҳи октябри соли 2009 дар Иҷлосияи 6-уми вазирони фарҳанги кишварҳои аъзои Созмони Конфронси Исломӣ дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон Душанбе ҳамчун пойтахти фарҳанги исломӣ дар соли 2010 эълон гардид. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанг хабар доданд.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






