НА ҲАМА МУРОҶИАТКУНАНДАГОН МАЪЮБАНД
Душанбе, 24 сентябр.(АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти сардори шӯъбаи Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ғарибшо Сӯфишоев, дар давоми нимсолаи аввали соли 2010 бо роҳхати муассисаҳои тиббию санитарии Вазорати тандурустӣ ва идораю шӯъбаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолии шаҳру ноҳияҳо барои муқаррар намудани дараҷаи маъюбӣ 25 ҳазору 81нафар шаҳрвандон муроҷиат намуданд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2009 1979 нафар зиёд аст. Аз шумораи умумии муроҷиаткунандагон ба 23 ҳазору 416 нафар гурӯҳи маъюбӣ муқаррар гардид, ки аз он 8627 нафарашон бори аввал муроҷиат кардаанд. Аз шумораи беморони нав муроҷиаткарда ба 7222 нафар гурӯҳи маъюбӣ дода шуд, ки ин назар ба соли гузашта 364 нафар кам аст.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






