НАХУСТИН КОРХОНАИ ХИШТ ДАР БАДАХШОН

Сентябрь 30, 2010 16:44

Бадахшон, 30 сентябр. (АМИТ «Ховар», Л.Додо).- Дар деҳаи Водхуди ноҳияи Ванҷ корхонаи  хиштбарорӣ  ба фаъолият  шурӯъ намуд. Имрӯз дар вилоят талабот ба  хишт хеле  зиёд буда, ин нахустин корхонаи   хиштбарорӣ   дар  ВМКБ  мебошад. Дар наздикии корхона дар мавзеи Лангар барои  истеҳсоли хишт ашёи хоми  фаровон мавҷуд аст, ки  хокаи онро ҳанӯз дар даврони Шӯравӣ дар  озмоишгоҳҳои   махсуси  шаҳри Маскав санҷида буданду он беҳтарин дониста шуд. Иқтидори пурраи корхона дар як навбат 170 ҳазор  дона хишт аст. Имрӯз дар ин корхона 20-нафар коргар кор мекунад, ки  музди миёнаи маошашон 500 сомониро ташкил медиҳад. Роҳбарияти  корхона тасмим гирифтаанд, ки  то охири сол теъдоди коргарони корхонаро ба 100 нафар расонанд.

Сентябрь 30, 2010 16:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард