НАМОИШИ БАЙНАЛХАЛҚИИ ЧИН ДАР ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 1 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 31 август дар ноҳияҳои автономии Синзян ва Уйғури Ҷумҳурии Халқии Хитой созишномаи ҳамкорӣ оид ба гузаронидани намоиши байналхалқии Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳҳои май ва июни соли 2011 баргузор мегардад, ба имзо расид. Ярмарка дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» доир мегардад. Дар ин бора аз маркази матбуоти Палатаи савдо ва саноати ҶТ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар доданд. Созишномаро Раиси Палатаи савдо ва саноати ҶТ Саид Шариф ва сардори департаменти тиҷоратии Ҷумҳурии мухтори Синзян ва Уйғур Наҷот Исмоил ба имзо расониданд. Мақсад аз гузаронидани намоиш вусъат бахшидан ба муносибатҳои тиҷоративу иқтисодии миёни давлатҳо мебошад. Қайд кардан ба маврид аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни давлатҳои собиқ ИҶШС аз рӯи ба даст овардани қарзи имтиёзноки Хитой ҷойи аввалро ишғол мекунад. Аз ин рӯ Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Хитой барои рушди ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ бо Тоҷикистон ҳавасманд мебошад. Ёдовар мешавем, ки аз соли 2004 то 2010 мубодилаи маҳсулот байни ҶМХ ва ҶТ афзуда, 1,5 млрд. доллари ИМА-ро ташкил додаст. Тарҷумаи М. Анварӣ








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






