НАМОИШИ СУРАТҲО ДАР МАСКАВ

Сентябрь 3, 2010 15:10

Маскав, 3 сентябр. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). – Рӯзи сеюм аст, ки дар Донишгоҳи давлатии фарҳанг ва ҳунари шаҳри Маскав намоиши асарҳои рассом ва суратгири тоҷик Шӯҳрат Ёров таҳти унвони «Кишвари ман-Тоҷикистон» мегузарад. Қариб 100 асари рассомии муаллиф пешкаши тамошобинони намоиш-омӯзгорон ва донишҷӯёни ин Донишгоҳи олию номии Русия  гардонида шуд. Дар маросими кушодашавии намоиш 1 сентябр ректори Донишгоҳи мазкур, президенти ҷамъияти «Русия-Тоҷикистон» Рамазон Абдулатипов  баромад карда, аз ҷумла гуфт: «Тоҷикистон на танҳо ватани муҳоҷирони меҳнатӣ, балки зодгоҳи донишҷӯён, намояндагони ин кишвар аст, ки дар Донишгоҳи мо ва дигар макотиби олии Русия таҳсил менамоянд. Тоҷикон миллати бузургу бофарҳанг буда, дорои таърихи бою фарҳанги ҳазорсола, шоирони оламшумули адабиёти тоҷику форс Абӯабдулло Рӯдакӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Умари Хайём, Мирзо Турсунзода ва қуллаҳои барфпӯши Помир мебошанд». Ректор ҳамчунин, ба ҷамъомадагон асарҳои муаллифии рассоми тоҷикро муаррифӣ намуда, зимни он гуфт: «Имрӯз шумо-намояндагони ояндаи фарҳанг ва ҳунар Тоҷикистон-ин кишвари кӯҳсорро аз рӯи суратҳои Шӯҳрат Ёров мешиносед. Ва бигузор ин рӯзи дониш бо он дар хотири шумо нақш бандад, ки шумо тавассути намоиши суратҳо ба диёри мардумони меҳмондӯст сафар менамоед».  Мушовири Сафири Тоҷикистон дар Русия Тӯрабек Назаров дар баромади худ ба роҳбарияти макотиби олӣ ва Вазорати фарҳанги Федератсияи Русия барои дастгирии донишҷӯёни тоҷик, ки дар Донишгоҳи мазкур таҳсил  менамоянд ва барои ташкили намоиши суратҳо изҳори минатдорӣ намуд. «Ин намоиш ғайримуқарарӣ буда, дар бораи Тоҷикистони муосир нақл мекунад ва дар Маскав кушода шудани он низ тасодуфӣ нест, зеро маҳз дар ҳамин шаҳр яке аз ҳуҷҷатҳои муҳими таърихи нави кишвар-Созишнома дар бораи сулҳ ва ризояти миллӣ ба имзо расидааст»,- гуфт рассоми суратгир Шӯҳрат Ёров ба хабарнигори махсуси АМИТ «Ховар». Тибқи суханони ӯ ин намоиш ба Рӯзи истиқлолияти Тоҷикистон бахшида шуда, ҳамчунин, дар назар аст, ки дар пойтахти Белоруссия низ доир мегардад. Ташкили намоиши суратҳои «Кишвари ман-Тоҷикистон» бо дастгирии Вазорати фарҳанги ҶТ ва Донишгоҳи давлатии фарҳанг ва ҳунари Маскав амалӣ гардид.   Тарҷумаи М. Анварӣ

Сентябрь 3, 2010 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад