НАМУНАҲОИ МАВОДИ МУХАДДИР ДАР МИНСК

Сентябрь 21, 2010 15:19

Маскав, 21 сентябр. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). — 21 ва 22 сентябр дар Кумитаи иҷроияи ИДМ дар Минск ҷаласаи гурӯҳи коршиносон оид ба мувофиқаи лоиҳаи Созишнома дар бораи тартиби мубодилаи намудҳои маводи мухаддир ва воситаҳои асаборомкунанда корашро идома медиҳад. Тавре мушовири маркази матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ дар Минск Мария Гусало  ба хабарнигори махсуси АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, тибқи лоиҳаи Созишнома дар назар дошта шудааст, ки давлатҳо ба воситаи мақомоти салоҳиятдори худ метавонанд намунаҳои маводи мухаддир ва воситаҳои асаборомкунандаеро, ки зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ, амалиёти тафтишотӣ, инчунин, бо дигар роҳ ба даст омадаанд, барои тадқиқоти коршиносӣ-криминалӣ истифода намоянд. Вазъияти амалисозии мубодилаи мазкур, ҳамчунин, тартиби додугирифти намунаҳо чун ҳуҷҷат ба ҳисоб меравад. Тибқи нақша пас аз гирифтани ризоияти иштирокдорон, лоиҳаи мазкур ба Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ пешниҳод мегардад.

Сентябрь 21, 2010 15:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад