НАШЪАМАНДӢ- ОМИЛИ ХАТАРЗО
Бадахшон,28 сентябр. (АМИТ «Ховар»,Л. Додо).— Дар ВМКБ, ки аҳолиаш қариб 220 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, тибқи маълумоти охир теъдоди нашъамандон ба 789 нафар расидааст. Тавре сардори Раёсати Агентии маводи нашъадори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Бадахшон Муродҳусейн Алиёров иттилоъ дод, мутаассифона, дар байни нашъамандон 5 нафар занон низ ҳастанд. Ҳолати ташвишовари дигар он аст, ки имрўз дар байни нашъамандон теъдоди наврасони 15-17 сола хеле афзудааст.Мақомоти марбута ,намояндагони созмони ҷавонони вилоят,роҳбарони мактабҳо ва падару модаронро зарур аст,ки ин проблемаро саҳл напиндошта, пеши роҳи ба ин бемории марговар гаравидани ҷавононро сари вақт гиранд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






