НАТИҶАҲО ҒАЙРИ ҚАНОАТБАХШ

Сентябрь 23, 2010 10:39

         Душанбе, 23 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-  Дар вазорати кишоварзӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон дар майдони 151 ҳазору 696 гектар зироати ғалладона ва лӯбиёгӣ кишт карда  шуд. То имрӯз майдони беш аз 147 ҳазор гектар замини ғаллазор дарав шудааст.             Ба иттилои ҳамин манбаъ, ҳосили умумии ғаллаи ба даст овардашуда 373 ҳазору 933 тоннаро ташкил медиҳад.             Дар ин вилоят ҳамчунин, дар майдони 133 ҳазору 60 гектар гандум кишт карда шудааст, ки ҷамъоварии он пурра анҷом ёфтааст.             Хоҷагиҳои вилоят беш аз 342 ҳазор тонна  гандум ҷамъоварӣ  намудаанд. Ҳосилнокии   ҳар як  гектар замини гандум дар вилоят ба ҳисоби миёна 26 сентнериро дар бар мегирад, ки ин нишондиҳанда нисбат ба дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ беҳтар аст. Бо вуҷуди ҳама ин пешравиҳо, соли ҷорӣ нисбат ба соли 2009 қариб 25 ҳазор тонна кам гандум ҷамъоварӣ гардидааст.                       

Сентябрь 23, 2010 10:39

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад