НИГАРОНИИ РАЁСАТИ ҲХДТ АЗ ФАЪОЛИЯТИ БАЪЗЕ КУМИТАҲО
Душанбе, 22 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати муовини аввали раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Сафар сафаров ҷаласаи Раёсати кумитаи иҷроияи ҳизб баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои муҳими ҳизб муҳокима ва баррасӣ гардид. Нахуст, 18 нафарон шахсони ба вазифаҳои раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳо таъиншуда муаррифӣ ва аз ҷониби аъзои Раёсати кумитаи иҷроияи марказии ҳизб ҷонибдорӣ шуданд. Аъзоёни Раёсат фаъолияти ҳаштмоҳаи кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғдро баррасӣ намуда, нисбат ба фаъолияти баъзе кумитаҳои иҷроияи ҳизбии шаҳру ноҳияҳои вилоят изҳори нигаронӣ карданд. Аз ҷумла, зикр гардид, ки дар якчанд кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд камбудиҳои ҷиддӣ, аз қабили бехабарӣ аз марги бармаҳали аъзоёни ҳизб, ки то ҳол номашон барӯйхати аъзоёни ҳизб мавҷуд аст, саривақт ва пурра ҷамъоварӣ нашудани аъзоҳаққӣ, дуруст ба роҳ намондани ҳисоботҳои молиявӣ, ҷалб нанамудани ҷавонону занон ба сафи ҳизм ва амсоли инҳо, ки ба коста шудани нақш ва нуфузи ҳизб мусоидат мекунанд, ба назар мерасанд. Инчунин, дар ҷаласаи мазкур аъзоёни Раёсати кумитаи иҷроияи ҲХДТ якчанд лоиҳаҳои қарорҳо ва фармоишҳои роҳбарияти ҳизбро баррасӣ намуда, қарори ин маҷлисро қабул намуданд.








Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






