НУҚТАҲОИ ПАЁМ АМАЛӢ МЕГАРДАНД
Душанбе, 17 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Ба гуфти сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Саидмухтор Ҷалолов, дар ибтидои соли таҳсили ҷорӣ ба мактабҳои вилоят 237 адад компютер ворид карда шуда, миқдори мактабҳои таҳсилоти умумии вилоят, ки ба шабакаи умумиҷаҳонии интернет пайвастанд, аз 20 адад ба 42 расидааст. Дар назар аст, ки то охири соли таҳсил шумораи мактабҳои ба шабакаи умумиҷаҳонии интернет пайвастшаванда боз 36 адад зиёд мешавад. Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди таълим Барномаи давлатии сохтмон, таъмиру азнавсозии мактабҳо, аз хонаҳои шахсӣ, вагонҳо ва биноҳои маъмурию ҷойҳои ҷамъиятӣ баровардани мактабҳо босуръат давом дорад. Аллакай аз 14 мактаби вилоят, ки як қисми синфхонаҳои онҳо дар хонаҳои шахсӣ ва биноҳои маъмурӣ ҷойгир буданд дар 13 –тои он шароити зарурии таълиму тарбия фароҳам сохта шудааст. Айни замон сохтмони 508 толору 77 майдончаи варзишӣ дар мактабҳои вилоят ба нақша гирифта шудааст, ки ин аз амалӣ гардидани Паёми Сарвари давлат дар бораи рушди соҳаи маориф ба Маҷлисӣ Олӣ дарак медиҳад. Боис ба ёдоварист, ки дар соли 2009 барои соҳаи маорифи вилоят аз ҳисоби буҷа 170 млн. 951 ҳазор сомонӣ сарф карда шудааст.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






