ОҒОХОН БА ҶАВОНОН ТӮҲФАҲОИ ҶАШНӢ ТАҚДИ
Душанбе, 28 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Ба муносибати 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хазинаи Оғохон оид ба рушд дар Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки курсҳои компютерӣ, омӯзиши забонҳои хориҷиро дар пойтахт ба роҳ монда, ҷиҳати тавсеаи ҳамкорӣ дар бахши иқтисоду тиҷорат, маориф ва иҷтимоиёт ҷалби сармоягузоронро тақвият бахшад», гуфт зимни мулоқоташ бо Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров намояндаи доимии хазинаи мазкур дар Тоҷикистон Мунир Мералӣ. Шукурҷон Зуҳуров ба нақши ин созмони бонуфузи байналмилалӣ дар рушди соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, маориф, ҳифзи иҷтимоӣ ва илму фарҳанги баҳои баланд дода, ифтитоҳи маркази Исмоилиёнро дар Душанбе шаҳодати тақвияти ҳамкориҳои судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ин Хазина арзёбӣ кард. Шукурҷон Зуҳуров, ҳамчунин, таваҷҷӯҳи Мунир Мералиро ба масъалаи бо ҷои кор таъмин кардани ҷавонон, рушди соҳаи туризм, ҷалби барномаҳои микрокредитӣ барои ҷавонон ва сармоягузорони хориҷӣ ба иқтисоди Тоҷикистон ҷалб намуд. Мусоҳибон, ҳамчунин, масъалаҳои дигари тавсеаи ҳамкориҳои самарабахшро баррасӣ карданд.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






