ОҚИБАТҲОИ ФАЛОКАТҲОИ ТАБИӢ ЗУД БАРТАРАФ МЕШАВАНД

Сентябрь 2, 2010 10:07

Душанбе, 2 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии раиси вилояти Суғд барои зарардидагон аз фалокати табиии ноҳияи Айнӣ 27 ҳазору 900 сомонӣ ҷудо гардид. Дар ин бора раиси вилоят қарори махсус имзо намуд. Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки ин маблағҳо бо мақсади расонидани кӯмаки моддии яквақта ба 90 хоҷагие, ки дар натиҷаи боридани борони сахт ва фаромадани сел дар деҳаҳои Сангистон, Зосун, Томин, Путхини ҷамоати деҳоти  Айнӣ ва Фатмеви ҷамоати деҳоти Рарз зарари моддӣ дидаанд, ҷудо гаштааст. Дар баробари ин, барои бартараф намудани оқибатҳои фалокати табиӣ ва бунёди саривақтии манзилҳои истиқоматии ин ноҳия аз ҷониби Раёсати иттифоқи матлуботи Ҷумҳурии Тоҷикистон 50 тонна семент ҷудо шуд. Ёдовар мешавем, ки санаи 23 августи соли равон дар натиҷаи боридани борони зиёд дар ноҳияи баландкӯҳи Айнӣ фалокати табиӣ рух дода, ба мардуми ноҳия ва хоҷагии халқи он хисороти ҷиддӣ расонид. Асосан деҳаҳои Путхин, Зосун ва Томин аз ин фалокат зарари ҷиддӣ дида, хисороти он беш аз 1 миллион сомонӣ ҳисоб карда мешавад. Аз ҷумла, дар натиҷаи фалокати табиӣ як нафар зани 77-сола ба ҳалокат расида, 22 манзили истиқоматӣ пурра ва ҷамъ 90 манзил вайрону валангор гардид. Ҳамчунин, 6,3 км роҳ, 5 кӯпрук, 2 км хатти барқ, 40 км каналу ҷӯйбор, 14 км селроҳа, 30 км хатти оби нушокӣ, 39 гектар замин, 408 бех дарахти мевадеҳ, 51 сар ҳайвоноти хонагӣ нобуд шуданд. Қаблан, бо супориши раиси вилоят ҷиҳати бартараф намудани оқибатҳои фалокати табиӣ аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва сохторҳои марбутаи вилоятӣ барои 90 оилаи аз фалокат зарардида, ба миқдори 50 киллоӣ орд, 20 киллоӣ биринҷ, 10 киллоӣ равған, 5 киллоӣ шакару макарон ва барои тоза намудани роҳҳо ва ҷуйборҳо  5 ҳазор литр сузишвории дизелӣ драсонида шуд.

Сентябрь 2, 2010 10:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 8 август дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Анор»: Вақте шунидани овоз муҳимтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст
Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд
Ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 443 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст