ОҚИБАТҲОИ ФАЛОКАТҲОИ ТАБИӢ ЗУД БАРТАРАФ МЕШАВАНД
Душанбе, 2 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии раиси вилояти Суғд барои зарардидагон аз фалокати табиии ноҳияи Айнӣ 27 ҳазору 900 сомонӣ ҷудо гардид. Дар ин бора раиси вилоят қарори махсус имзо намуд. Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки ин маблағҳо бо мақсади расонидани кӯмаки моддии яквақта ба 90 хоҷагие, ки дар натиҷаи боридани борони сахт ва фаромадани сел дар деҳаҳои Сангистон, Зосун, Томин, Путхини ҷамоати деҳоти Айнӣ ва Фатмеви ҷамоати деҳоти Рарз зарари моддӣ дидаанд, ҷудо гаштааст. Дар баробари ин, барои бартараф намудани оқибатҳои фалокати табиӣ ва бунёди саривақтии манзилҳои истиқоматии ин ноҳия аз ҷониби Раёсати иттифоқи матлуботи Ҷумҳурии Тоҷикистон 50 тонна семент ҷудо шуд. Ёдовар мешавем, ки санаи 23 августи соли равон дар натиҷаи боридани борони зиёд дар ноҳияи баландкӯҳи Айнӣ фалокати табиӣ рух дода, ба мардуми ноҳия ва хоҷагии халқи он хисороти ҷиддӣ расонид. Асосан деҳаҳои Путхин, Зосун ва Томин аз ин фалокат зарари ҷиддӣ дида, хисороти он беш аз 1 миллион сомонӣ ҳисоб карда мешавад. Аз ҷумла, дар натиҷаи фалокати табиӣ як нафар зани 77-сола ба ҳалокат расида, 22 манзили истиқоматӣ пурра ва ҷамъ 90 манзил вайрону валангор гардид. Ҳамчунин, 6,3 км роҳ, 5 кӯпрук, 2 км хатти барқ, 40 км каналу ҷӯйбор, 14 км селроҳа, 30 км хатти оби нушокӣ, 39 гектар замин, 408 бех дарахти мевадеҳ, 51 сар ҳайвоноти хонагӣ нобуд шуданд. Қаблан, бо супориши раиси вилоят ҷиҳати бартараф намудани оқибатҳои фалокати табиӣ аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва сохторҳои марбутаи вилоятӣ барои 90 оилаи аз фалокат зарардида, ба миқдори 50 киллоӣ орд, 20 киллоӣ биринҷ, 10 киллоӣ равған, 5 киллоӣ шакару макарон ва барои тоза намудани роҳҳо ва ҷуйборҳо 5 ҳазор литр сузишвории дизелӣ драсонида шуд.








Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад






