ОБИ ВАХШ КОРХОНАҲОРО БАТАШВИШ ОВАРДААСТ
Душанбе, 30 сентябр.(АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои ширкати давлатии саҳҳомии холдингии «Барқи тоҷик», чанд рӯз боз ҳаҷми оби дарёи Вахш аз меъёри муқаррариаш хеле кам шудааст. Ба гуфти манбаъ, агар ҷоришавии об ба сарбанди нерӯгоҳи Норак 480 метри кубӣ дар як сонияро ташкил диҳад, хориҷшавии он тавассути нови агрегатҳо 492 метри кубӣ дар як сония аст, ки фарқият 12 метри кубӣ об дар як сонияро ташкил медиҳад. Айни замон ширкати «Барқи тоҷик» масъалаи қатъ кардани нерӯи барқро барои пойгоҳҳои обкашӣ ба миён гузоштааст, ки аз рӯи ҳаҷми истифодабарии барқ баъди корхонаи алюминӣ дар ҷои дуюм меистанд. Даҳаи дуюми моҳи сентябри соли ҷорӣ ширкати «Барқи тоҷик» ба Ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба ҷорӣ намудани меъёри истифодаи барқ барои тирамоҳу зимистон дархост пешниҳод намуд. Меъёр дар навбати аввал барои ташкилот ва корхонаҳои қарздор ҷорӣ карда мешавад ва он барои аҳолӣ тааллуқ надорад.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






