ОБОДКОРӢ — ПЕШАИ НЕК

Сентябрь 27, 2010 15:35

Бадахшон,27 сентябр.(АМИТ «Ховар»,Л.Додо.).—Боришоти  зиёди баҳори имсола   ба хоҷагиҳои  ноҳияи Мурғоб низ хисороти калон ворид намуда буд. Бар асари  фаромадани сел  8 хона комилан валангор  гардиду зарурати бунёди  хонаҳои нав  ба миён омад. Чанд рӯз қабл   раиси вилоят Қодири Қосим бори дигар аз ин  мавзеъи  зарардида дидан намуд. Аз ҷониби  мақомоти  маҳалии ҳокимияти давлатии вилоят ба онҳо   кӯмаки  молиявӣ, маводи хӯрока ва дигар ашёи зарурии  рӯзгор расонида шуд.Ба  зарардидагони минтақа барои бунёди  хонаҳои нав  замин ҷудо гардид. Инчунин, бо  амри раиси вилоят ин оилаҳо ба идораҳои сохтмонӣ  вобаста шуда, барои бунёди  хонаҳо ба  онҳо ёрӣ расонида мешавад.    

Сентябрь 27, 2010 15:35

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад