ОБЁРИИ 4 ҲАЗОР ГА ЗАМИНИ ТАШНАЛАБ

Сентябрь 28, 2010 10:32

Душанбе, 28 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар Вазорати кишоварзӣ вохӯрии вазир   Қосим Қосимов бо директори ташкилоти ҷамъиятии «Об барои ҳаёт» ҷаноби Ҷефри Диллон ва мутахассиси байналмилалӣ Ҷон Кук доир гардид,- иброз доштанд аз маркази матбуот ва иттилооти вазорат ба мухбири АМИТ «Ховар».    Мақсад аз ин вохӯрӣ муҳокимаи лоиҳаи «Озмоиши интиқолии обёрикунии Зафаробод», ки дар он устуворсозии ассотсиатсияҳои истифодабарандагони оби минтақаи Зафаробод, азнавсозии пойгоҳҳои обкашӣ, барқарории низоми обёрӣ ва интиқоли он ба 4 ҳазор гектар заминҳои обёришаванда пешбинӣ шудааст, мебошад.    Бино ба иттилои ҳамин  манбаъ, маблағи умумии лоиҳа 4,6 млн. доллари амрикоиро ташкил медиҳад.    Бино ба гуфти вазир, айни замон бо дастгирии созмонҳои байналмилалӣ дар ҶТ аз рӯи 4 лоиҳа дар соҳаи кишоварзӣ корҳо идома доранд.  

Сентябрь 28, 2010 10:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд