ОХИРИН МАКТАБ ДАР СУҒД АЗ ВАГОН БАРОВАРДА ШУД

Сентябрь 2, 2010 14:41

Душанбе, 2 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани мактаби рақами 63-и шаҳраки Сомониёни шаҳри Исфара Супориши Президенти мамлакат ва Барномаи вилоятии аз вагонҳо берун кардани мактабҳоро дар вилояти Суғд пурра амалӣ гардонид. Мактаби мазкур расман 1 сентябри соли ҷорӣ ба фаъолият оғоз кард. Он барои 240 нафар хонанда пешбинӣ шуда, бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бунёд гардидааст. Бо супориши раиси вилоят сохтмончиён дар давоми як сол мактабро бунёд намуданд, зеро шароити таҳсил дар ин шаҳрак басо ташвишовар буд. Барои бунёди мактаби нав 1 миллиону 200 ҳазор сомонӣ маблағ масраф гардид. Раиси вилояти Суғд дар ин тантанаи муборак, ки аҳли маорифи шаҳри Исфара ҷамъ омада буданд, ба кормандони соҳа дар вазъияти тантанавӣ калиди ин иншооти замонавиро супорида, ҳамчунин барои хонандагони мактаб 4 дона компютер ва лавозимоти мактабӣ тақдим  намуд.

Сентябрь 2, 2010 14:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад