ОВОЗХОНИ МАҲБУБИ «ДАРЁ» ДАРГУЗАШТ
Душанбе, 13 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). — Дар синни 55 солагӣ, баъди бемории тӯлонӣ овозхони машҳури тоҷик, сарояндаи сурудҳои халқӣ ва классикӣ Абдулло Султонов аз дунё чашм пӯшид. Марҳум дар рӯзи иди шарифи Рамазон 10 сентябр дар шаҳри Душанбе дафн гардид. Абдулло Султонов яке аз ҳунармандони маъруфи ансамбли овозадори «Дарё» ба ҳисоб рафта, зиёда аз 20 сол дар ансамбли мазкур фаъолият дошт. Сурудҳои «Яғнобба мурам» ва «Тоҷикистон» аз сурудҳои машҳури шодравон ба шумор рафта, на танҳо дар Тоҷикистон, балки берун аз он низ маъруфият доштанд. Соли 2008 хизматҳои Абдулло Султоновро дар рушди соҳаи фарҳангу ҳунар ба назар гирифта, ӯро бо унвони фахрии «Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон» қадр намуданд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






