«ОЗОДИИ ШАХС ВА НИГАҲДОРИИ ҚОНУНӢ ДАР ҲАБС»
Душанбе, 21 сентября. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонкулова). -Раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизов Зафар Нусратович дар мизи мудаввар, ки 21 сентябр баргузор гардид, зикр намуд, ки қабули як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла Кодекси мурофиавии ҷиноят, ки аз 1 апрели соли ҷорӣ мавриди амал қарор гирифтааст, маҳсули Барномаи ислоҳоти судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар кори ҷаласа судяҳо, намояндагони мақомоти прокуратура ва адвокатҳо дар мавзӯъҳои «Татбиқи чораҳои пешгирӣ», «Проблемаҳо ва роҳҳои ҳалли онҳо», «Проблемаҳои татбиқи қонунгузории мурофиавӣ дар амалия ва таҳлили муқоисавии онҳо бо дигар қонунҳои моддӣ», «Мукаммалсозии Кодекси мурофиавии ҷиноят ҳангоми пешбурди тафтишоти пешакӣ ва баррасии судии парвандаҳои ҷиноятӣ», «Кафолати таъмини ҳуқуқи шаҳрвандон ба ҳимоя дар мутобиқат бо меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва Кодекси нави мурофиавии ҷиноят», «Адвокат ҳамчун иштирокчии баробарҳуқуқи мурофиавӣ тибқи Кодекси мурофиавии ҷиноят ва меъёрҳои байналмилалӣ» баромад намуданд. Коршиносони байналмилалӣ аз Комиссияи Венетсиягӣ, аз ҷумла аз Руминия, Италия дар кори ҷаласа ширкат варзида, оид ба масъалаҳои "Принсипи баробарии тарафҳо дар доираи ҳуқуқҳои конститутсионӣ дар муҳокимаи судии адолатнок", "Адолат дар пешбурди судии ҷиноят Назари Аврупо ", "Озодии шахс ва нигаҳдории қонунӣ дар ҳабс" маърӯза намуданд. Пагоҳ мизи мудаввар кори худро идома медиҳад.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






