ПАЙВАНДҲОИ ҶАШНИ 20 – СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТ
Душанбе, 22 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Хоҷагии ҷангали Суғд 79 – сола шуд. Ҷангалпарварони вилоят ба муносибати иди касбии худ дар асоси «Барномаи рушди хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006 — 2015» дар майдони 270 гектар ҷангалзори нав бунёд намуда, майдони 1753 гектар ҷангалзорҳои пешинаро хуб нигоҳубин намуданд,- иттилоъ доданд аз Хоҷагии ҷангал ва шикори вилоят ба мухбири АМИТ «Ховар». Бино ба иттилои ҳамин манбаъ, ҷангалпарварон ба муносибати 20 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 100 ҳазор бех ниҳолҳои мевадиҳанда аз қабили: себ, нок, гелос, зардолу, чормағз, шафтолую анҷир ва ғайра, ки 20 номгӯйро ташкил медиҳанд, пайванд карданд. Дар баробари ин, ҷангалпарварон арчазору туғайзорҳоро аз қонуншиканҳои экологӣ ҳифз намуданд. Ҷангалпароварон ҳамчунин парвариши арчаи зарафшониро хуб ба роҳ монда, ҳамасола то 100 – 101 ҳазор бех кӯчати онро парвариш ва ба фурӯш мебароранд.








Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






