ПЕШГИРИИ ПАҲНШАВИИ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ

Сентябрь 24, 2010 11:02

Кӯлоб, 24 сентябр. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).- Бо мақсади пешгирӣ намудани бемориҳои сироятӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҳукумат барномаҳои гуногуни давлатӣ қабул гардида, барои татбиқи амалии ин барномаҳо ташкилотҳои байналмиллалӣ ҷалб мешаванд. Дар маркази шаҳри Кӯлоб мизи мудаввар  зери барномаи «Аутрич дар ҳифзи саломатӣ» доир гардид, ки дар он кормандони соҳаи тандурустии минтақа, ҳифзи ҳуқуқ, рӯзноманигорон ва намояндагони ташкилоти ҷамъиятӣ иштирок намуданд. Бояд қайд намуд, ки паҳншавии бемориҳои сироятӣ дар Ҷумхурии Тоҷикистон нисбат ба дигар давлатҳои ҳамсоя кам ба қайд гирифта шудааст ва пешгирӣ аз паҳншавии он зери назорати вазорати тандурустӣ қарор дорад. Барномаҳои гуногуни давлатие, ки барои пешгирӣ намудани бемориҳои сироятӣ қабул гардида, татбиқ карда мешаванд, дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо амал мекунанд, ва барои натиҷагирӣ аз фаъолияти барномаи «Аутрич дар ҳифзи саломатӣ» дар шашмоҳаи аввали соли 2010 дар шаҳри Кӯлоб мизи мудаввари мазкур гузаронида шуд. Ба гуфти масъулин чунин мизи мудаввар дар дигар шаҳру ноҳияҳо низ гузаронида шуда, фаъолияти барномаи мазкур натиҷагирӣ  мешавад.      

Сентябрь 24, 2010 11:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад