ПОСИ ХОТИРИ ШОИСТА МУЛЛОҶОНОВА
Душанбе, 16 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Дар шаҳри Вена- пойтахти Австрия маҳфили ёди Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, лауреати Мукофоти давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Шоиста Муллоҷонова баргузор гардид. Чорабинии мазкур бо ташаббуси Сафорати Тоҷикистон дар Австрия, Ҷамъияти яҳудиёни бухороӣ ва намояндагони диаспораҳои тоҷик ҷараён гирифт. Сафири Тоҷикистон дар Австрия Нуриддин Шамсов дар рафти чорабинӣ ба аҳли оилаи марҳум ҳамдардии амиқ баён кард. Намояндаи яҳудиёни бухороӣ ҳангоми суханрониаш ба Ҳукумати Тоҷикистон барои қадр намудани хизматҳои Шоиста Муллоҷонова арзи сипос намуд. Баъд дар бораи ҳаёти Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон филми ҳуҷҷатии 60-дақиқаина намоиш дода шуд. Ёдовар мешавем,ки Шоиста Муллоҷонова 26 июни соли 2010 дар синни 84 — солагӣ дар Ню – Йорк аз олам гузашта буд ва дар қабристони шаҳрии маҳаллаи Лонг – Аймнди Ню – Йорк дафн шудааст.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






