ПРОФЕССОР АСАДУЛЛО САЪДУЛЛОЕВ 70-СОЛА ШУД
Душанбе, 22 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).-Имрӯз, 22 сентябр дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон конфронси илмӣ бахшида ба 70-умин солгарди доктори илми филология, профессор Асадулло Саъдуллоев баргузор гардид. Дар он олимону муҳаққикон, устодони макотиби олии кишвар ва дӯстону шогирдони профессор иштирок ва доир ба паҳлӯҳои эҷодиёти А. Саъдуллоев сухан намуданд. Яке аз шогирдони устод, дотсент Сангин Гулов дар бораи ҳаёт ва фаъолияти А. Саъдуллоев гузориш дода, қайд намуд, ки профессор Асадулло Саъдуллоев тамоми фаъолияти илмии хешро сарфи омӯзишу пажуҳиши сухан, яъне журналистикаву публицистика кардааст. Устод журналистикаро чун донишҷӯ омухтаанд, чун қаламкаш бо ВАО беш аз 50- сол ҳамкорӣ доранд, журналистикаву публисистикаро таҳқиқ кардаву дар ин замина рисолаҳои номзадиву докторӣ навишта соҳибунвон гаштаанд, журналистикаро ба шогирдон дар ибтидо чун дотсенту имрӯз чун профессори журналистика таълим медиҳанд. Ҳанӯз устод Мирзо Турсунзода дар қайди ҳаёт буданд, ки муҳаққиқ Асадулло Саъдуллоев таҳти роҳбарии узви вобастаи АУ ҶТ Соҳиб Табаров ба тахқиқи публитсистикаи ин шахсияти номи ҷаҳонӣ дошта оғоз кардаанд. Он замон кам касон боварӣ доштанд, ки муҳаққиқ Асадулло Саъдуллоев дар ин самт комёб мешуда бошанд. Устод на танҳо дар ин самт тавфиқ ёфт, балки равияи оғозкардаи хешро ба мактаби қавии таҳқиқи публисистика ва насри мустанад табдил дод. Маврид ба зикр аст, ки ба қалами устод Асадулло Саъдуллоев беш аз 40 асари илмиву таълимӣ, методиву бадеӣ тааллуқ дорад. Дар маҷмӯъ устод муаллифи беш аз 1000 маводи публитсистӣ мебошанд. Ҳангоми фаъолит дар матбуот Асадулло Саъдуллоев роҷеъ ба рӯзгор ва осори адибони машҳур СадридднАйни, Абулқосим Лоҳутӣ, Расул Ғамзатов, Николай Тихонов, Константин Симонов, Ғафур Ғулом ва дигарон тахқиқот анҷом додаву шахсият ва моҳияти осорашонро барои хонандаи тоҷик аз саҳифаҳои рӯзномаву маҷаллаҳо бозгӯй кардаанд.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






