РӮЗИ ИДИ САИДИ ФИТР МУАЙЯН ШУД
Душанбе, 6 сентябр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Иди саиди Фитр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чун дар дигар кишварҳои мусулмонӣ мувофиқи ҳисоби тақвимӣ 10 сентябри соли 2010 ҷашн гирифта мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» мудири шӯъбаи фатвои Шӯрои уламои ҷумҳурӣ Қобилҷон Боев иттилоъ дод. Мавсуф зикр кард, ки қарори марбутаи таҷлили Иди саиди Фитр дар рӯзи 10 сентябр дар ҷаласаи васеи Шӯрои уламои кишвар, ки бо ҳузури намояндаи дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ, кормандони Кумита оид ба корҳои дин, сархатибони вилоятҳои Суғду Хатлон, имомхатибони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор шуд, тасдиқ гардид. Яъне, бо Қарори Шӯрои уламои ҷумҳурӣ 10 сентябр соати 8-субҳ дар тамоми масҷидҳои ҷомеаи кишвар намози иди саиди Фитр хонда мешавад. Ба бар намудани пироҳани наву зебо, шоду хурсанд будан, ҳадя кардан ва хабар гирифтан аз аҳволи беморону барҷомондагон, камбизоатону ятимон, зиёрати оромгоҳи гузаштагон, яке аз фазилатҳои неки ин иди муборак ва кори хайру савоб аст. Мудири шӯъбаи фатвои Маркази исломии Тоҷикистон афзуд, шахсе, ки дар моҳи шарифи Рамазон рӯза доштааст, бояд садақаи фитрро адо намояд, то рӯзаи ӯ ба даргоҳи Худованд қабул гардад. Шахсоне ки 15000 сомонӣ доранд, бояд 325 сомонӣ закот супоранд. Садақаи фитр дар моҳи Рамазон ба ҳар сари як нафар аъзои оила ба арзиши 1кг 600 грамм гандум муайян шудааст, ки он ба 2 сомонӣ баробар аст.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






