РӮЗИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ЭКСПО-2010
Душанбе, 18 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). – Аз 1 майи соли 2010 дар шаҳри Шанхайи Ҷумҳурии мардумии Чин намоишгоҳи байналмилалии ЭСПО-2010 идома дорад, ки он 31 октябр ҷамъбаст хоҳад шуд. 22 сентябр дар доираи ин намоишгоҳ Рӯзи миллии Тоҷикистон баргузор мегардад, ки дар он Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов ва ҳунармандону устодони санъати Тоҷикистон иштирок мекунанд. Муовини аввали раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Одил Сангов ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки дар ЭКСПО-2010 Тоҷикистон дорои павилйони махсус буда, таваҷҷӯҳи хоси иштирокдорон дар ин намоишгоҳ ҳис карда мешавад. Муовини директори ЭКСПО-2010 Хи Во мӯътақид бар он аст, ки павилйони Тоҷикистон аз нигоҳи ҷолибият ба он мусоидат мекунад, ки равобити тиҷоратӣ ва иқтисодии ин кишвар бо давлатҳои мухталиф, бахусус Чин густариш ёбад. Мавриди зикр аст, ки дар ЭКСПО-2010 189 давлат ва 57 созмонҳои байналмилалӣ иштирок намуда, то 5 сентябр 48 миллион нафар, аз ҷумла зиёда аз 100 нафар роҳбарони дунё аз он дидан кардаанд. Павилйони Тоҷикистонро то имрӯз зиёда аз 3 миллион нафр тамошо карданд. Ёдовар мешавем, ки муносибатҳои иқтисодӣ-тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои ҷаҳон мунтазам рӯ ба инкишоф буда, аз соли 2004 то 2010 гардиши молу маҳсулот танҳо бо Ҷумҳурии мардумии Чин 1,5 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дод.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






